Хабарҳо

Хабарҳо (494)

ТАМАННИЁТИ

раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ба ифтиори 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ҳамдиёрони азиз!

  Дар интиҳои асри 20 миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки имрўз мо 29 - солагии ин дастоварди бузурги таърииро ҳамчун ҷашни муқаддастарини умумимиллӣ таҷлил мекунем.

   Ба ин муносибат халқи азизу шарафманди тоҷик, минҷумла сокинони созандаи шаҳри Хоруғро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу  сафо, хушбахтӣ ва осоишу рўзгори обод орзу менамоям.

   Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

   Боиси шодмонист, ки имрўз ҳар як фарди боору номуси кишвар ба қадри ин ҳадяи бебаҳо расида, шукри Истиқлол менамояд ва бо ѓайрати дучанд баҳри ободии Ватани аҷдодии хеш камари ҳиммат баста аст.

  Истиқлолият ба мо давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ дод, ки онро имрўз зиёда аз 130 мамлакати дунё  расман эътироф намудааст.

    Ҷашне, ки имрўз мо онро истиқбол намуда истодаем, миллати моро ба дарки амиқи як ҳақиқати бебаҳо ҳидоят хоҳад кард.

   Баъди чандин садсолаҳо имконият пайдо гардид, ки 9- уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон бори дигар  арзи ҳастӣ  ёфта,  марҳилаи наву тозае дар ҳаёти халқи мо ба вуқўъ пайваст.

     Аз ин рў, санаи 9-уми сентябри соли 1991 на танҳо  рўзи Истиқлолияти Тоҷикистон, балки чун санаи барқарорсозии адолати таърихӣ  ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон азизу муқаддас аст. 

   Бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри  Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии мамлакат даъват  гардид ва дар назди  вакилони халқ масъалаи ба тариқи осоиштагӣ ҳал намудани  муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуда буд.

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ дар ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт. Ба бахти мардуми озоданажоди тоҷики маҳз дар ҳамин Иҷлосия  Эмомалӣ Раҳмон раиси Шўрои Олӣ интихоб гардида, роҳи эмори давлатдорию давлатсозиро бо роҳу усули дигар пеша намуд. Ин давраи хеле ҳассос ва сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад. Он айём на ҳар кас  ҷуръати  ба даст гирифтани идораи давлат дар ҳоли парокандагӣ  буда ва қисматаш норавшанро дошт. Эмомалӣ Раҳмон  новобаста ба ҳамаи нотавонбинҳои душманони миллат, ки ба ояндаи давлати тозаистиқлоли мо хушбин набуданд, ҳамчун роҳбари ҷавон ҷасурона идоракунии давлатро ба уҳда гирифт.

   Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили мардумӣ, ки дар байни зиёда аз даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша бо ростҷўи, ҳақиқатҷўӣ, серталаб нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шурои Олӣ нақши аввалиндараҷа мебозид. Вай савганд ёд намуд, ки: «… кори худро аз сулҳ оѓоз хоҳам кард…  Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем то, ки  вазъиятро ором намоем…». Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хизматҳояш дар назди халқу Ватан Эмомалӣ Раҳмон то ба имрўз собит намуда истодааст.

   Аввалин сухани Ҷаноби Олӣ аз пойдории сулҳ ва  оштию ҳамдигарфаҳмии миллат, муттаҳидӣ  ва  давлати  мустақили  тоҷикон оѓоз ёфт. Ў тавонист кишвари  дар вартаи нокомиҳо қарордоштаи моро  ба соҳили мурод расонад. Ҳол он, ки роҳи мо ба сўи сулҳу суббот тахту ҳамвор набуд. Ин ҷо хиради фитрии миллати тоҷик бар ҷаҳл ѓолиб омада,  дасти ҳам гирифтан,  наҷоти миллат  ва бақои давлат гардид.  Ба имзо расидани Созишномаи  истиқрори сулҳ байни тоҷикон, марҳилаи нави таърихӣ дар самти давлатдории мустақили тоҷикон шурўъ гардид.

   Маҳз, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.

   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аҳамияти Созишномаи сулҳро чунин арзёбӣ намуданд.  «… қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо

Эъломияи Истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро таъмин намуд. Бинобар ин сулҳ барои мардуми мо баробари  Истиқлолият муқаддас ва бебаҳост ».

 Маҳз бо заминаи қарорҳои қабулшудаи иҷлосияи мазкур  вазифаҳои муҳими ояндасоз  нахустин хиштҳои пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ  гузошта шуда, мустақилият имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистони азиз соҳиби рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Пули миллӣ, шиносномаи миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созишномаи умумиҷаҳонии Савдо,  чандин сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ ва аъзои даҳҳо ташкилотҳои байналмилалӣ гардид. 

           Аз нигоҳи имрўза ва оянда боифтихор бояд тазаккур дод, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии  Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосияи таърихӣ ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, чун маҳбубу роҳбари дилсўз пазируфта шуд.

       Се арзиши муқаддас, яъне Истиқлолият, сулҳу субот ва Ваҳдату ризоияти ҷомеа соҳибихтиёрии ҳар як кишварро муайян намуда, шарти муҳимтарини тараққиёти мамлакат ба шумор меравад.

   Вақт ва таҷрибаи таърихи 29 - солаи Истиқлолият исбот намуд, ки роҳи пешгирифтаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи наҷоти миллат дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон  шинохта  шуд.

  Шаҳри Хоруѓ чун маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, бахусус дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар хеле тараққӣ кард. Дар тамоми соҳаҳои хоҷагӣ дигаргуниҳои фараҳбахш рўи кор омаданд. Бо вуҷуди оне, ки дар солҳои аввали Истиқлолият бар асари бенизомиҳо дар мамлакат сатҳи  рушди саноат, сохтмон, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо ба пастравӣ рў овард, аммо баъди имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар кишвар бахусус баъди соли 2000-ум кишвари мо ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, дар шаҳри Хоруѓ низ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаҳои гуногун рушди ҳамаҷонибаи худро пайдо намуданд.

         Дар соҳаҳои сохтмон, роҳ, нақлиёт, алоқа ва тамоми бахшҳои иҷтимоӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят пешравиҳои зиёд ба амал омаданд. Қабул гардидани Барномаи рушди иҷтимои-иқтисодии шаҳри Хоруѓ то соли 2015, сафарҳои пайвастаи Роҳбари давлат ба вилоят аз ҷумла ба шаҳри Хоруѓ, инчунин дигар гурўҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар алоқамандӣ ба ин масъалаҳо ба пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагӣ мусоидат намуданд.

    Дар нахустсафари худ ба шаҳри Хоруѓ, ки соли 1993 сурат гирифт, Раиси онвақтаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Ман аминам Шумо Бадахшонро ба минтақаи сайёҳӣ табдил медиыед ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои амалисозии ин ҳадафҳо Шуморо дастгирӣ  мекунад».

  Дар шаҳри Хоруѓ  дар тўли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат зиёда аз 200 иншооти самти иқтисодию иҷтимоӣ ба истифода дода шудаанд, ки бо чунин дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон симои шаҳри Хоруѓ куллан дигаргун гардида истодааст.

   Рушди иқтисодӣ иҷтимоии шаҳр пеш аз ҳама ба маблаѓгузорӣ, ѓанӣ гардидани  буҷаи худӣ алоқаманд мебошад. Дар солҳои Истиқлолият аз ҳисоби маблаѓгузории давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо барои рушди иқтисодӣ бахусус бахшҳои  иҷтимоӣ маблаѓҳои зиёд равона карда шудаанд. Соли 2000-ум агар буҷаи шаҳр 409 ҳазор сомонӣ ташкил медод, соли 2013 буҷаи шаҳр 13 млн. 980 ҳаз. 700 сомонӣ пешбинӣ шуааст, ки ин нисбати соли 2000-ум 34 маротиба зиёд аст. Соли 2020 буҷҷети шаҳри Хоруѓ 49 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати буҷҷети соли 2013 қариб се баробар зиёд мебошад.

  Маҳз амалишавии  ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ дар татбиқи як қатор Барномаҳои умумидавлатӣ имконият фароҳам овард, ки дар давоми солҳои Истиқлолият дар шаҳр, иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда  аз нав барқарор гардида, корхонаҳои нави истеҳсоли мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

    Бояд ёдовар шуд, ки сафарҳои кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, минҷумла маркази маъмурии он шаҳри Хоруѓ таҳаввулоти ҷиддиро дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии шаҳр рўи кор меорад. Имсол ташрифи навбатиии Ҷаноби Олӣ ба шаҳру ноияҳои вилоят дар арафаи таҷлил аз 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба вуқўъ пайваста зимни он чандин иншооти гуногуни муҳими иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарордода шуда, барои бунёди чандин иншооти дигар аз ҷониби Роҳбари давлат санги асос ниҳода шуд. 

     Дар ташрифи имсолаи Пешвои миллат қисмати якуми муассисаи таълимии №8 барои зиёда аз 200 хонанда мавриди ифтитоҳ қарор дода шуда, сохтмони қисмати дигари он дар ояндаи наздик оѓоз хоҳад шуд. Инчунин, дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат бинои нави театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба номи Меҳрубон Назаров барои ҳазор ҷойи нишаст ва бо шаклу услуби меъморӣ ба истифода дода шуд, ки ба пешрафти минбаъдаи соҳаи фарҳанг мусоидат хоҳад намуд. Бинои нави бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ва маркази савдои “Нигини Хоруғ” аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки дар ташрифи имсолаи Роҳбари давлат ба истифода дода шуданд.

Ҳамзамон, дар ҳошияи эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии босуръат дар шаҳр сехи дузандагӣ бо 40 ҷойи корӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст, ба истифода дода шуд, ки бо ин иқдом 40 нафар занону бонувон ба кори доимӣ  ҷалб гардиданд.

Ҷиҳати боз ҳам осон намудани рафту омади шаҳрвандон дар дохили шаҳр ва бартараф намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хоруѓ барои бунёди купруки нави мошингузар аз болои дарёи “Ғунд” дар маҳаллаи “Дашти Поён” аз ҷониби Пешвои миллат санги асос гузошта шуд, ки дар ду соли охир бо дарозии 200 метр ва паҳноии 50 метр сохта хоҳад шуд. Инчунин, баҳри арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ дар рў ба рўи Парчами давлатӣ,  Нишони давлатӣ инчунин майдончаи нави варзишии маҳаллаи “Тирчид” низ ба истифода дода шуд.

Ҳамаи ин пешравиҳоро мо натиҷаи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ меҳисобем, зеро ҳамаи ин ободкориҳоро аз таҳкими сулҳу субот рўи кор меоянд.

    Дар охир мехоҳам иброз намоям, ки мутобиқи Қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 дар малакат интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Итминонамон комил аст, ки сокинони шарафманди шаҳри Хоруѓ имсол низ бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва масъулияти бузурги шаҳрвандӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки ифодакунандаи бевоситаи ҳокимияти халқ мебошад, иштирок менамоянд, ва баҳри ояндаи дурахшони кишвар номзади арзандаи худро ҷонибдорӣ менамоянд.

Дар хотима бори дигар сокинони шаҳри Хоруѓ ва дар симои онҳо мардуми созандаву бунёдкори тоҷикро ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта ба ҳамаи онҳо саломатию сарфарозӣ, осмони ҳамеша софи Ватан ва комёбию дастовардҳои тозаро таманно менамоям.

Бизузор ҷашни муқаддаси Истиқлолият барои ҳар як фарди соҳибдилу солимфикри кишвар бахту саодат ва сасабзию осудагӣ оварад.

Рўзи Истиқлолияти давлатӣ муборак,  ҳамдиёрони арҷманд!

Тоҷикистон ягона давлати аъзои Бонки рушди АвруОсиёӣ мебошад, ки дар шароити пандемияи коронавирус иқтисодаш рушд кардааст.

Среди них - двое членов Законодательного совета от оппозиционной Демократической партии, передает портал "Сянган линъи"

 

ДУШАНБЕ, 24.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлоли  давлатӣ қарор дорад. Вобаста ба ин санаи таърихӣ месазад аз нафароне ёдовар шавем, ки дар роҳи ҳифзи қонуният, пояҳои давлатдорӣ ва  Истиқлолияти Ватани мо ҷони худро дареғ надоштаанд. Яке аз чунин шахсиятҳо аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки 24 август аз рӯзи ба қатл расиданаш 28 сол сипарӣ мешавад.

АМИТ «Ховар»: Дар замони даргириҳои  таҳмилии Тоҷикистон,  куштори  мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти  конститусионӣ,  арбобони  давлативу ҷамиятӣ  ба авҷи аъло расида буд. Намоядаи мардумии ҷумҳурии ё марди асил тимсоли  ҳақиқату адолат,  собиқ нахустин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев  низ аз ҷониби  қотилону ноҷавонмардон  ваҳшиёна ба қатл расонида шуд.

Республика Беларусь является одним из государств Восточной Европы с численностью населения более 9 450 000 человек, занимает 84-ое место в мире по территории. Согласно данным международного исследования "Глобальный индекс терроризма – 2019", Беларусь признана самой безопасной страной мира с точки зрения террористических атак, также имеет низкий уровень преступности.

ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 17-уми август аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  полковник Ҷонибек Маҳмадзода ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон дастгир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар доданд.

Кто такой археолог: обязанности, зарплата, перспективы профессии

Сайфиддин КАРАЕВ, Asia-Plus

Каждый год 15 августа отмечается День археолога. О последних находках ученых Института истории, археологии и этнографии Академии наук Таджикистана "Азия-Плюс" рассказали ведущий научный сотрудник отдела археологии, кандидат исторических наук Татьяна Филимонова и заведующий сектором археологии Нуриддин Сайфуллоев.

Тайи чанд моҳи охир ҳангоми муошират бо дӯстону ошноён, инчунин мутолиаи бевоситаи маводи таҳлилӣ дар торнамои интернети байналмилалӣ ба чунин натиҷа расидам, ки шукри Худо, ҳар он чи, ки дар шароити пандемия дар кишвари мо Тоҷикистон рух медиҳад, таҳаммулпазир аст. Аз ҷумла, дар муқоиса бо дигарон, агар чунин қиёс бо дигарон, ҳатто кишварҳои рушдёфта, ки қудратҳои азими иқтисодӣ номгузорӣ ва дар ҳаёти сиёсӣ низ бунёдгузори мӯд мебошанд, раво бошад.

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор