Маркази хизматрасонии иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ.

              Директори Маркази хизматрасонии иҷтимоии мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ Саторова Фарида дар бораи фаъолияти марказ зикр доштанд, ки маркази хизматрасонии иҷтимоии мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ фаъолияташро дар асоси Қонуни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоӣ»,  Қонуни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоӣ  маъюбон» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ», Қарорҳои раиси шаҳри Хоруғ, «Таснифот ва стандартҳои  категорияи  хизматҳо» ва Низомномаи  Маркази хизматрасонии иҷтимоии мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  ба роҳ монда, баҳри амалӣ  намудани онҳо корҳои муаянеро  ба сомон расонидааст.

      Бо қарори Раиси шаҳри Хоруғ аз 24 октябри соли 2017 №659 Низомномаи Маркази  хизматрасонии иҷтимоии мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  тасдиқ гардида, 9 нафар корманд фаъолияташро  аз рӯйи вазифаҳои муқаррарнамудаи  он амалӣ намуда истодаанд, ки аз онҳо ҳафт нафарашон кормандони иҷтимоӣ мебошанд.

        Дар марказ ду бахш фаъолият намуда истодааст:

-бахши хизматрасонии иҷтимоӣ  дар хона, ки чор нафар корманд ва 42 истифодабарандагони хизматҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки ба ҳар як корманд аз 8 то 11 нафар кӯдакони дорои маъюбият вобаст карда шудаанд.

-бахши тавонбахшии кӯдакони  имконияташон  маҳдуди то синни 18-сола, ки 23 нафар кӯдакони дорои маъюбият ба қайд гирифта шудаанд се нафар корманди ин бахш ба онҳо  хизматҳои иҷтимоӣ мерасонанд.

      Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Тартиб ва ҳаҷми  пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони  иҷтимоӣ» дар банди  3-и зербандҳои  5  ва  6 панҷ номгӯйи  хизматрасониҳо  омодаанд, ки чунин  номгӯйҳои  аз тарафи кормандони  иҷтимоӣ  ба истифодабарандагонӣ  хизматҳо расонда мешаванд:  

-Хизматрасонии иҷтимоии маищӣ;

- Хизматрасонии иҷтимоии равонӣ;

- Хизматрасонии иҷтимоии ҳуқуқӣ;

- Хизматрасонии иҷтимоии педогогӣ;

- Хизматрасонии иҷтимоии тиббӣ;

          Мутобиқи нақша кормандон ҳафтае ду  се маротиба ба аёдати истифодабарандагонӣ  хизматҳо рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо  хабар гирифта, ба ҳар яки онҳо  хизматрасониҳои иҷтимоӣ расонида мешавад.

Марказ бо машваратгоҳи   педогоги психологии тиббии шаҳри Хоруғ,  Маркази «Нур» ташкилотҳои ғайридавлатии  «Савоб», «Маҷруҳон», ташкилоти  ҷамъиятии «Нур» ҳамкорӣ намуда истодааст.

Истифодабарандагони хизматҳо, ки ба қайд гирифта шудаанд, аз хизматрасониҳои кормандон, қаноатманд буда, ба онҳо меҳру муҳаббат пайдо намуданд ва онҳоро чун фарзанд қабул мекунанд.

         Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар Паёми  худ Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ намудани оилаҳои осебпазири аҳолӣ, ҳамагонро вазифадор менамояд, дасти мадади худро баҳри ин қишри ҷомеъа дароз намоянд.  Дастгири намудани оилаҳои осепазири аҳолӣ аз давраҳои қадим  дар мдди назар буда, аз тарафи шахсони саховатпеша ба онҳо кумак расонида шуда буд. Дастгири намудани ин гуна табақаҳои  ниёзманд кори хайру савоб мебошад. 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор