Хабарҳо

Хабарҳо (513)

Бо ташаббуси раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ имрӯз, 1 – уми май дар Майдони Ғалаба аксияи тозагӣ зери унвони «Тозагии шаҳр ҳадафи мост!» баргузор гардид.

Дар он зиёда аз 200 нафар кормандони мақомоту бахш, сокинони шаҳр ва ҷавонон майдони мазкур ва атрофи бозори марказиро аз ахлоту алафҳои бегона тоза карданд.

Мавриди қайд аст, ки чунин чорабиниҳои ободонию покизагӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба гузаронида мешаванд.

Маркази матбуоти

 МИМҲД – и Хоруғ

Дар Котиботи Созмони аҳдномаи дастаҷамъӣ (СААД) дар ш.Москва, санаи 25 апрели соли 2019  ҷаласаи корӣ байни ин ташкилоти байналмиллалӣ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) доир гардид.

Имрӯз, 26 апрел дар толори вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ бо ширкати мудири Шуъбаи таблиғот ва иттилооти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҳмадулло Наимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Ҷонибек Қозибеков ва раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров аввалин семинар - машварат барои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ - и шаҳр гузаронида шуд.

Дар семинар асосан мавзӯи "Технологияи ҷалби электорат дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ" мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, дар фарҷоми чорабинӣ миёни намояндагони ҲХДТ ва иштирокдорон сӯҳбати озоду самимӣ сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлили

МИМҲД - и шаҳри Хоруғ

 

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ бо иштироки котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов, мушовири Бахши ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаву раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ҷаласаи Шуро баргузор гардид.

Инчунин дар чорабинӣ муовини раиси вилоят Умедҷон Нозирзода, кормандони сохторҳои қудратӣ, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Шуъбаҳои кор бо занон ва оилаву оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну марсимҳои миллӣ, аҳли маориф, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон ширкат намуданд.

Зимни баромади худ К. Шамирӣ қайд кард, ки саҳми Шуро дар раванди демократикунонӣ, барқарорсозии ҳамоҳангсозию ҳамгироӣ байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, баррасии проблемаҳое, ки барои ҷомеаи мо доғи рӯз ҳастанд, нақш ва мақоми хоса дорад:

 

- Гарчанде аз таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати тӯлоние нагузашта бошад ҳам, лекин дар ин давр бо ибтикори он, ки сохтори машваратӣ ва таҳлилӣ маҳсуб меёбад, масъалаҳои дорои аҳамияти давлатию миллӣ омӯзиш ва баррасӣ шуда, Шӯрои ҷамъиятӣ барои рафъи баъзе норасогиҳо тавсия ва пешниҳодҳоро таклиф менамояд, ки дар раванди расидан ба ҷомеаи демократии шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ мегарданд, - мегӯяд раиси шаҳр.

“Воқеан Шӯрои ҷамъиятии мамлакат замоне арзи вуҷуд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳоро мавриди корбурд қарор доданд, то пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ ва харобии кишварро гирифта, сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагӣ дар байни тоҷикистониён эҳё гардад. Таъсиси Шӯро иқдоми бевоситаи Роҳбарияти Олии давлат буд, ки мехостанд дар амри истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тамоми нерӯҳои солимандеши сиёсӣ, созмонҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар қувваҳои созандаи ҷамъиятро муттаҳид созад ”- афзуд К. Шамирӣ.

Зикр гашт, ки раванди оғозгардидаи истиқрори сулҳ аз ҷониби Ҳукумат, аҳли ҷомеа ва ҳам нерӯҳои мухолиф амалҳоеро тақозо намуд, ки ба таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ мусоидат намоянд. Бинобар ин, аз ҷониби Ҳукумат, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ иқдом гирифта шуд, ки созмони ҷамъиятиеро ба вуҷуд оранд, ки он вазифаи ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми нерӯҳоро ба хотири таҳкими раванди сулҳу созандагӣ дар Тоҷикистон адо намояд. Зеро вазъияти сиёсӣ ва ҳалли масъалаҳои мураккаби истиқрори сулҳу субот фаъолияти якҷоя ва самараноки нерӯҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро талаб мекард.

Яке аз тағйироти ҷиддие, ки ба манфиати ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан дар самти кор бо ҷавонон рӯи кор омад, ин таъсисёбии Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо мебошад.

Ташкили Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии мардуми вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ навгониҳои зиёдро ба вуҷуд оварда, баҳри коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, амалҳои ғайриқонунӣ, аз байн бардоштани кирдорҳои номатлуб, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои волои инсонӣ ва дигар чорабиниҳо заминаи воқеӣ гузошт. Ҳамзамон, дар баробари таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон ситод дар вусъатбахшии корҳои ободонию созандагӣ ва хуррамгардонии Хоруғ нақши барҷаста дорад, ки аз ин иқдом ҳамаи сокинони шаҳр қаноатманданд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамдастӣ бо ситод, раисону фаъолони маҳаллаҳо, зиёиёну ходимони дин ва роҳбарони ташкилотҳое, ки бо ҷавонон сару кор доранд, аз моҳи октябри соли 2018 то ин ҷониб корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, чорабиниҳои маърифатию варзишӣ ва ватандӯстиро бо ҷавонони шаҳри Хоруғ, ки қисмати асосии ҷомеа мебошанд, ба роҳ монда, бо вусъат бахшидани чунин чораандешиҳо нақшаҳои минбаъдаро дар самти кор бо ҷавонон амалӣ хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлили

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

Зери ҳамин унвон бо ибтикори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ конференсияи илмӣ – назариявӣ гузаронид шуд, ки дар он раиси вилоят, муовинони раис, раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, кормандони масъули сохторҳои интизомию қудратӣ ва ҷавонон ширкат намуданд.

Дар конференсия вобаста ба конфронс маърўзаҳо баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, ҳуқуқшинос Давлат Холиқов зимни баррасии мавзўи «Ҷинояткории муташаккил захмест дар бадани ҷомеа» зикр намуд, ки ҷинояткории муташаккил падидаи бисёр хавфнок буда, дар кишварҳои пасошўравӣ, бахусус, Россия он баъди солҳои 90 – ум хеле рушдёфт, аммо бо кўшишҳои ҳукумати ин кишвар он саркўб гардид ва мавқеи худро аздаст дод. Имрўз сохторҳои махсус созмон дода шудаанд, ки бо ин гурўҳҳои муташаккили ҷиноӣ мубориза мебаранд. Дар кишвари мо бо саъю талоши ин сохторҳо аксарияти мутлақи ин гурўҳҳои муташаккили ҷиноӣ барҳам дода шуданд.

Коршинос Раҳматулло Қобилов бо таҳлили мавзўи «Ниқоби сиёсӣ» изҳор намуд, ки шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик хизмат ба халқу Ватанро аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ шумурдаанд ва дар замони ҳозира хизмату садоқат ба ватан чун қарзи шаҳравандӣ дониста мешавад. Аммо тоифае одамон ҳастанд, ки ниқоби «ватандўстӣ» ба рўй кашида, манфиату ҳадафҳои гурўҳҳои алоҳида ва дигар давлатҳоро амалӣ карданӣ мешаванд ва дар ин роҳ аз бисёр василаҳо, махсусан аз шабакаҳои иҷтимоии Интернет ба таври васеъ истифода мебаранд. Ин зумраи одамон бо таъсиси ҲНИТ фаъолияти густурдаеро ба роҳ монданд ва хостанд миллати тоҷикро гумроҳ намуда, ба ҳадафҳои нопоки худ даст ёбанд. Ин иғвоангезии онҳо ба он оварда расонд, ки сентябри соли 2015 табаддулоти давлатӣ сар зад, аммо ба мақсад нарасиданд. Бо ҳамин кирдори разилонаи худ онҳо симои аслии худро нишон доданд. Ба ин хотир ин ҳизб террористию экстремистӣ эълон шуд ва фаъолияти он дар қаламрави кишвар мамнўъ гардид. Пас лозим аст, ки шаҳрвандони кишвар зиракии сиёсӣ зоҳир намоянд ва ба доми фиреби ин ташкилотҳои қудратталаб наафтанд.

Манбаъ: сомонаи МИМҲД – и ВМКБ

Муаллиф: Ҷангибек Улфатшоев

Бо иқдоми Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ имрӯз,  20 – уми апрел ҳашари умумӣ баргузор гардид.

Дар он зиёда аз 90 нафар масъулину кормандони мақомоти шаҳрдорӣ майдони Исмоили Сомонӣ ва канали Темури маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро аз ахлоту хокрӯбаҳо, хасу хошок тоза намуда, заминҳои нокорамро барои шинондани гулу кучатҳои нав омода карданд.

Мавриди қайд аст, ки ҳоло ҳам корҳои созандагию кабудизоркунӣ ҷараён дошта, бо назардошти оне, ки аксарияти заминҳо моликияти хусусианд, роҳбарияти мақомот аз ҳамаи сокинони Хоруғ даъват ба амал овард, то дар корҳои ободонӣ якдилона камари ҳиммат баста, шаҳрро воқеан ба нигини Бадахшон табдил диҳанд.

Маркази матбуоти Мақомоти маҳаллии

 ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

 

Дональд Трамп признал иранский КСИР террористической организацией

8 апреля 2019 американский президент Дональд Трамп объявил о решении внести иранский Корпус стражей Исламской революции (КСИР) в список террористических организаций. Об этом говорится в заявлении Трампа, распространенного по пулу журналистов Белого дома.

Забони мо тоҷикист!Бинобар пеш омадани зарурат ва боз доғ шудани баҳси забони модарӣ, мақолаи донишманди шинохтаи тоҷик Иброҳим Усмонро таҳти номи “Баҳси алифбои тоҷикӣ”-ро ба нашр мерасонем, ки ба доираҳои иғвоангез ҷавоби мушаххаси илмӣ ва бунёдӣ додааст.  

Шуъбаи хифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аксияи “Соҳили тоза” баргузор намуданд.

Дар он зиёда аз 100 нафар донишҷӯёну кормандони шуъба канори чапи соҳили дарёи Ғундро аз пули пиёдагарди маҳаллаи Носири Хусрав то купруки мошингузари роҳи асосии шаҳр аз ҳаргуна хасу хошок ва ахлоту хокрӯбаҳо тоза намуданд.

Бояд қайд кард, ки чорабинӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 - 2028 гузашта, дар назар аст, ки дар ояндаи наздик чунин аксияҳо бо ширкати ҷавонони шаҳр бештар роҳандозӣ мегарданд.

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор