Дар сомонаи нањзатї матлаби яке аз фаъолони љинояткори ТТЭ ЊНИ М.Садриддин тањти унвони «Нишасти сарони ИДМ ҷуз ширкати Пашиняну “ҷипи” Мирзиёев навгонӣ ё паёми дигаре надошт» интишор ёфт.
Аз номгузории матлаби мазкур њувайдост, ки нависанда ба њамоишњои сиёсие, ки ба Тољикистон марбутанд ва ба хотири тањкими равобити сиёсию байнидавлатї созмон меёбанд, аслан њассосият дорад. Оид ба чанд нуќтаи ба ќавли Мавлоно, «магасандеша»-њои М. Садриддин ба таври иљмолї акидаи худро баён менамоем:
1.М. Садриддин, ки дар хориљ аз кишвар ба сар мебарад, аз дидани манзараи хуби љараёни баргузории њамоиши Сарони кишварњои аъзои ИДМ дар пойтахти Љумњурии Тољикистон ба хашм омада, нишасти роњбарони давлатњои мазкурро муѓризона «театри сиёсї» номидааст. Албатта, Садриддинро фањмидан мумкин аст, зеро ки дар њудуди љумњурї њељ эътибор надорад ва касе ўро намешиносад, ба љуз ду-се нафар хешу аќрабояш, ки дар доираи хурофоту таассуби мазњабї фикр мекунанд. Дар зимн, њамин ба истилоњи Садриддин, «театри сиёсї» тайи сї соли ахир корњои зиёди сиёсї, иљтимої, маънавї ва фарњангиро ба субут расонидааст. Гузашта аз ин, ташкили сатњи баланди мулоќоти рањбарони ИДМ, сайругашти идона ва амсоли инњо баёнгари он аст, ки Љумњурии Тољикистон аз мењмонон ва бахусус, мењмонони сиёсї ва давлатї дар сатњи баланд пазирої менамояд. Саммити сарони ИДМ ба сифати нињоди муассири сиёсї дар бисёр масъалањо, минљумла мубориза ва муќовимат бо терроризми байналхалќї, амалї намудани тарњњои иќтисодї, инфрасохтори њарбї, њамгироии сиёсї, иќтисодї ва маданї ба натиљањои дилхоњ ноил гардидааст. Њамаи инро нодида гирифтан ва њељ шуморидан танњо нотавонбинї ва ноинсофисту бас.
2.М. Садриддин аз сарвазири Арманистон љаноби Никол Пашинян таърифу тамљид мекунад. Албатта, њар яке аз роњбарияти ИДМ сазовори эњтиром аст ва роњбарї ба як давлат кори сањлу осоне нест, чуноне ки М. Садриддин мешуморад. Фаъолияти фейсбукии Пашинян, ки Садриддин ба он часпида, тавсиф намудааст, кори маъмулист ва њар нафар аз роњбарияти дигар кишварњо њам аз васоити интернетї истифода мебаранд ва сомонањои расмї доранд, ки корашон интишори расмиёти давлатист. Бинобар ин, Пашинян аз сањифаи худ барои пахши иттилоот истифода мебарад, ки ин кори хуб аст, аммо онро ба унвони бартарї дар сиёсат ва давлатдорї муаррифї кардани М. Садриддин аз рўйи ѓараз ва кина мебошад. Бухлу кина ва нотавонбинї инсон (дар мисоли М. Садриддин)-ро ба њар кори баду шанеъ рањнамун месозад ва рањи инсофу муњаббатро мебандад. Ин аст, ки М. Садриддин Роњбари кишвари худро њамчун душман шуморида, дар њар мавриде ўро на интиќод, балки мазаммат мекунад, ки дар силсилаи муборизоти сиёсї меъёр шуда наметавонад.
- М. Садриддин, ки сахт хурофотї ва мазњабзада аст, ба риши Пашинян часпида, аз он як символи динї-мазњабї ва имонї сохтааст, дар њоле ки риши рањбари Арманистон љанбаи њунарї-эстетикї дорад ва ин навъи риш, ба ягон ваљњ, ба дин ва мазњаб иртибот надорад. Аммо Садриддин аз њар чиз ва падидае дину мазњаби худро мељўяд ва бо хушкандешї посух медињад. Ман сад дар сад бовар дорам, ки манзури Садриддин аз ин матлаб танњо риши Пашинян аст, ки дархўри мабоњиси ин ќабил хушкандешону мазњабзадагон мебошад. Чун њарваќта М. Садриддин ба роњбарони ИДМ њуљум мекунад ва онњоро дар мубориза алайњи дини мубини ислом муќассир медонад, дар њоле ки ин роњбарон, дар баробари хадамоти дунявї ба ислом ва мусулмонони кишварњояшон аз Садриддинњо њазорон маротиба зиёдтар хидмат кардаанд. Барои М. Садриддин риш арзиш дорад ва гўиё њама чизро дар љањон њамин риш њаллу фасл мекунад. Воќеан, риши М.Садриддин риши хурофотї ва мазњабї буда, ба ќавли Мавлоно, бори гарони «магасандешањо»-ро мекашад ва зулмати афъоли мутаассибонест мисли М. Садриддин. Ва њамон ришест, ки Мавлоно дар «Маснавї» онро мавриди тамасхур ќарор додааст:
Он магасандешањо он моли туст,
Риши ту он зулмати афъоли туст.
4.Маълум аст, ки Сарвари давлат ќариб дар тамоми баромаду суханронињояшон, беш аз пеш, ба дини мубини ислом арљ мегузоранд ва онро ба сифати падидаи бузурги маънавї дар њаёти мардуми кишвар тарѓибу ташвиќ менамоянд. Расму русум ва анъаноти исломї ва мазњабї дар кишвар озодона доир мегарданд ва дар иљрои ибодоти динї-мазњабї тамоми сектаю равияњои динї озоданд. Аз ин бештар чї мехоњед? Вале Садриддинњо зиёд чизњо мехоњанд ва агар онњоро болои сарат њам барорї, боз љилутар рафтан мехоњанд. Чашми носери онњо аз њељ чиз сер намешавад ва онњоро, ба ќавли шоир: «танњо хоки гўр сер мекунад».
- М. Садриддин Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро мисол зада, Роњбари кишварро «душмани дењќон» муаррифї месозад. Аљабо, Сарвари давлат, ки фарзанди дењќон њастанд ва тамоми умр аз дењќон њимоят кардаанд ва тайи фаъолияти рањбарї хољагињои дењќонї таъсис дода, заминро ба соњиби аслиаш – дењќон њадя намудаанд. Имрўз хољагињои дењќонї дар Тољикистон ба кишту кор машѓуланд ва фаъолияти озодонаи дењќон боиси он гардидааст, ки сабади истеъмолї афзоиш ёбад ва Тољикистон ба кишвари озоди аграрї бадал шавад. Бар илова, Сарвари давлат маќомоти марбутаро муваззаф месозанд, ки тарзи озод ва шаффофи пардохтњоро вобаста ба хољагињои дењќонї ба роњ монанд, то ки дењќон зарар набинад. Аммо М. Садриддин, ки худ њамеша аз пули муллої ва муфтхўрї рўз бурдааст, бесабаб аз дењќон пуштибонї намекунад. Њатман ѓаразе дар ин навъи пуштибонї ба назар мерасад. Њол он ки Садриддинњо бо амри маъруфи хушку холї ва бизнеси молу колои ватанию хориљї дењќонро ѓорат кардаанд ва то имрўз аз пайи ѓорату торољи амволи дењќон машѓуланд. Инро дар урфи халќї, «ѓарию пешхезї» мегўянд. Бинобар ин, изњори назарњои М. Садриддин аз пеши пояш љилутар намераванд ва танњо дар доирањои ба нањзат наздик вирди забон мегарданду халос.
6.Саммити сарони давлатњои муштаракулманофеъ паёми хубе дошт, ки он иборат аст аз њамгиройии амиќи сиёсї, иљтимої, мафкуравї, маданї дар шароити ташаннуљи авзои сиёсї ва геополитикии љањонї буд. Дар шароити мураккаби муосири љањонї шарики сиёсии бовариноки сиёсї ва низомї доштан дар симои давлатњои аъзои ИДМ ба њалли бетаъхири бисёр мушкилот ва масоили муњимми минтаќавї ва байнидавлатї сабаб мегардад. Аз ин лињоз, паёми саммити сарони давлатњои муштаракулманофеъ, ки ба доирањои Садриддинї намефорад, ба оромиши сиёсї ва амнияти миллї дар минтаќањо заминаи мусоид фароњам меоварад.
Фаридун Ориёї