ДАВИ МИЛЛӢ ВА ВЕЛОМАРАФОН ДАР ХОРУҒ

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо муовини якуми вазири Вазорати корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламашозода аз маҳаллаи «Селхозтехника» то Майдони Исмоили Сомонии шаҳр якҷоя бо 8 000 нафар калонсолону ҷавонон, собиқадорон ва хурдсолону наврасони вилоят давиданд.

Инчунин дар ин чорабинии варзишӣ ва веломарафони шаҳрӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Соҳибҷон Имомназаров, муовинони раис, масъулину кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаву бахшҳо ва идораҳои марбути Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат намуданд.

Ҳамин тавр, шахсони синни аз 18 то 35 - сола аз махаллаи болозикр то Майдони И. Сомонӣ ба масофаи 5 километр, аз 35 то 45 – сола аз пеши купруки табобатхонаи марказӣ то ин майдон - 3 км, шахсони аз 45 то 55 – сола аз Боғи ғалаба то майдони И. Сомонӣ - 2 км ва собиқадорон аз назди идораи телевизони Бадахшон то майдони мазкур ба масофаи 1 километр давиданд.

Дар Боғи парчами майдони И. Сомонӣ ғолибони дав ва веломарафони шаҳрӣ аз тарафи раисони вилояту шаҳр бо ифтихорномаву мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид.

Хадамоти матбуоти

МИМҲД – и шаҳри Хоруғ

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор