Ҷамъбасти натиҷҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Шаҳри Хоруг дар семоҳаи соли 2020.

        Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  дарсоли 2020 ҷиҳати татбиқи тадбирҳое, ки аз Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, № 1170 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани солҳои 2019-2021, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019, № 39 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷкмҳурии Тоҷикистон”бармеоянд ва ба мақсади иҷрои амалии дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят барои тақвият бахшидани фаъолияти  иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хоруғ корҳои натиҷабахшро анҷом дод.

         Ба шуъбаи умумии макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шахри Хоруғ дар давоми семоҳи аввали  соли 2020 475 (соли 2019 – 674)  адад ҳуҷҷат дохил гардид, ки  287 (соли 2019 – 265 ) ададашон аз мақомоти болоӣ мебошанд.Аз ҷумла, 3 ададад ҳуҷҷат аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути  дастгоҳи раиси вилоят, 51 адад   аз  вазорату кумитаҳои Ҷумҳурӣ, 134 адад аз дастгоҳи раиси вилоят, 80 адад аз раёсату кумитаҳои вилоятӣ ва 17 адад аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ  мебошанд.

            Дар ин давра аз тарафи раиси шахри Хоруғ 23 адад амр  ва  150 қарор ба тасвиб расид, ки 25 адади он дар заминаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят қабул шудаанд. Инчунин, дар семоҳаи аввали соли 2020 – 195 адад ҳуҷҷат барои ҳаллу фасли масъалаҳои гуногун ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоикистон, вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, раёсату идораҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ирсол гардиданд.  Ҳангоми  қабули  қарорҳо  талаботи  меъёрҳои  Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар  бораи  мақомоти  худидоракунии  шаҳрак  ва  деҳот”,  “Дар  бораи  муроҷиати  шаҳрвандон”,  риоя  гардида,   тартиби  кор  ва  фаъолияти  Маҷлиси  вакилони  халқи   шаҳри Хоруғ  дар  асоси  талаботи  моддаҳҳои  10  ва  11 Қонуни  конститутсионии  мазкур  ба  роҳ  монда  шудааст.  Илова  бар  ин, дар   мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  шаҳри   Хоруғ санадҳо дар  назорат  қарор  дода  шуда,  дар  машваратҳои назоратӣ  мавриди  баррасӣ қарор  дода  мешаванд.   Барои  бартараф  намудани  камбудиҳои  ҷойдошта  чораҳои  мушаххас  андешида  мешаванд.  Ҳамзамон,  дар семоҳаи аввали  соли  равон  аз ҷониби раиси шаҳри Хоруғ 78 нафар шаҳрванд ба ҳузур пазируфта шуда, ҳамчунин аризаҳои хаттӣ ба унвони раиси шаҳри Хоруғ ворид гардиданд, ки мазмуни аксарияти онҳо оид ба ҷудо намудани қитъаи замин ва таъмин намудан бо манзили зист мебошад.

          Ба Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии шаҳри Хоруғ барои солҳои 2020-2025 дар марҳилаи аввал 48 банди лоиҳа бо ҷалби маблағи 1млд 117,3 млн. сомонӣ ворид карда шуда бо пайдо шудани сармоягузорон, бандҳои дигар илова карда мешаванд.

          Лоиҳаҳои мазкур ба тариқи зайл тақсим карда шудаанд: барои соҳаи саноат 2 лоиҳа ба маблағи 3 млн319 ҳазор сомонӣ,кишоварзӣ 3 лоиҳа ба маблағи 624 ҳазор сомонӣ,шарикии давлат ва бахши хусусӣ 11 лоиха ба маблағи 44 млн500 ҳазор сомонӣ,меъморӣ ва сохтмон 3 лоиҳа ба маблағи 97 млн578 ҳазор сомонӣ,соҳаи маориф 6 лоиҳа  ба маблағи 50 млн 137 ҳазор сомонӣ,тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 6 млн 175 ҳазор сомонӣ,сохаи фарҳанг 1 лоиҳа ба мабғи 29млн 400 ҳазор сомонӣ,варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон 8 лоиҳа ба маблағӣ 1 млн 768 ҳазор сомонӣ,хоҷагию манзилию коммуналӣ  2 лоиҳа ба маблағи 9 млн 700 ҳазор сомонӣ,таъмини  оби нушоки ва масъалаҳои корезӣ 2 лоиҳа ба маблағи 40 млн 972 ҳазор сомонӣ,роҳу нақлиёт 1 лоиҳа ба маблағи 140 млн 36 ҳазор сомонӣ,таъмини барқ 5 лоиҳа ба маблағи 17 млн 339 ҳазор сомонӣ ва ҳифзи муҳити зист 1 лоиҳа ба маблағи 579 млн96 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

           Дар се моҳи соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷет аз рўи ҳаҷми умумӣ маблағи 11 418 000  сомониро ташкил дода, иҷрои он ба маблағи 11 711 396 сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 102,6  фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин давра аз рўи хаҷми умумии маблағ 293 396 сомонӣ зиёдтар ба буҷет ворид гардид.

           Дар семоҳаи якум як намуди андоз, андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 381 512 сомонӣ ба буҷаи шаҳр кам ворид гардид. Сабаби кам ворид шудани ин намуди андоз фаъолият накардани ширкатҳои шаҳри Хоруғ мебошад.

          Аз рўи даромадҳои худии буҷети шаҳр иҷрои нақша ба андозаи 103,4 фоиз иҷрогардид, яъне 209 869  сомонӣ ба буҷет зиёдтар ворид гардид.

        Аз ҳисоби ҳиссаҷудокунӣ маблағи  5 309 732 сомонӣ ба буҷети сарраёсати вилоят ирсол гардид. Яъне иҷрои нақша ба андозаи 101,6 фоиз таъмин гардид.

       Ба буҷети шаҳри Хоруғ нисбати соли гузашта маблағи 1 801 051 сомонӣ зиёдтар ворид гардидааст.

        Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хоруғ дар се моҳи соли 2020 6 638 321 сомониро ташкил дода, иҷрои он ба маблағи 6 051 252  сомонӣ, ё ин ки 91,2 фоиз таъмин карда шуд.

        Аз рўи соҳаҳои алоҳида қисми хароҷоти буҷети шаҳр дар мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ 94,2 %, мудофиа 93,6 %, маориф 94,2%, тандурустӣ 96,3 %, суғуртаи ичтимои ва ҳифзи ичтимоӣ 82,6%, хоҷагии манзилию коммуналӣ 62 %, соҳаи фарҳанг 86,2 %, хоҷагии қишлоқ 79,2 ба иҷро расонида шуд.

          Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2020 маблағи 1 240 499 сомониро ташкил дод.

          Дар давраи ҳисоботӣ маблағи 4 607 735 сомонӣ барои пардохти музди меҳнат ва андози ичтимоӣ равона карда шуда, қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад.

         Барои риоя накардани қонунгузории андоз 7  нафар ба  маблағи 8 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд.

        Омили асосӣ, ки ба афзоиши даромади буҷет таъсири манфӣ расонд, ин агар дар суратҳисоби корхонаҳо набудани маблағи кофӣ асос шуда бошад, аз тарафи дигар корхонаҳое, ки аз солҳои қалбӣ қарздории  зиёди андоз доштанд, онро дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт накарданд.

         Гардиши мол дар се моҳи соли 2020 ба 17 миллиону 975 ҳазору 200 сомонӣ баробар буда, нисбат ба се моҳи соли 2019  1 миллиону 897 ҳазор 900 сомонӣ, ё худ 111,8 фоиз зиёдтар мебошад.

         Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 13 миллиону 769  ҳазору 816 сомонӣ(соли 2019 14 406 161 баробар меояд, ки ин 95,6 фоизро ташкил медиҳад.

          Хизматрасонии  маишӣ дар се моҳи  соли 2020  2 миллиону 345 ҳазору 40(соли 2019 3 816 100) сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 61,5 фоиз камтар мебошад.

         Шумораи умумии соҳибкорон 1425  нафарро ташкил дода, аз онҳо 893 бо патент ва    532  бо шаҳодатнома фаъолият карда истодаанд. 

        Маблағи воридшуда ба буҷаи шаҳри Хоруғ аз руи патент 274 ҳазор  499 сомонӣ, аз рўи шаҳодатномаи соҳибкорӣ 349 ҳазор 374 сомониро ташкил медиҳад.

    Барои дастгирии молиявӣ ба “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳаи якуми соли 2020 3 адад  лоиха пешниҳод гардидааст, ки ин нисбати соли гузашта 2 адад зиёд мебошад. Лоихаҳои амалишуда бошанд, 13  ададро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 адад кам гардидаанд.

     Маблағҳои аз худкардашуда бошанд, 2 450 000 сомониро ташкил медиҳанд.

      Қайд кардан зарур аст, ки маводи хурокворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи соҳибкорони махаллӣ ба бозори шаҳри Хоруғ ворид мегардад, инчунин агентии захираҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  маводи ғизоиро барои мардум таъмин менамояд.

       Дар се моҳи  соли 2020 ба 85 нафар соҳибкор, 32 нафар зан ва 35 нафар ҷавонон  ба маблағи 719 хазор сомонӣ  қарз дода шуд, ки ин нисбати соли гузашта 628 863  сомонӣ зиёд мебошад. Қарзҳои мазкур аз тарафи филиали №67 Амонатбонки шаҳри Хоруғ дода шуд.

       Мушкилиҳои асосие, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна дар шаҳр таъсири манфӣ мерасонанд, ин набудани маблағхои иловагӣ барои соҳибкорӣ ва бизнес, сатҳи баланди фоизи қарзҳо, муҳлати кўтоҳи баргардонидани қарзҳо мебошанд.

     Дар шаҳри Хоруғ айни ҳол 42 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ фаъолият дошта,аз онҳо 17 адад дар ҳисоботҳои расмии оморӣ ва 25 адад ба тариқи тадқикот ба  ҳисоб гирифта мешаванд.

      Дар соли 2020 аз ҷониби корхонаҳо ва коргоҳҳои
саноатӣ ба маблағи 12 355 400 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда  буд, соли 2019  бошад ба маблағи 12 245 400 сомонӣ маҳсулот истеҳсол  карда шуда буд,яъне соли 2020 ба маблағи 110 000 сомонӣ зиёдтар истеҳсол карда шудааст.

       Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби нерўгоҳи барқи обии шаҳри Хоруғ миқдори  35582717  кВт/соат ба маблағи 13 072 407 сомонӣ қувваи барқ фурўхта шуд, ки аз он  9 525 267 сомонӣ пардохт шуд, ки 73 фоизро ташкил медиҳад.

    Қарздории умумии муштариён дар се моҳи соли  2020 7 304 171  сомониро ташкил медиҳад.

     Айни замон, 100 фоизи муштариёни шаҳри Хоруғ бо ҳисобкунакҳои электронӣ таъмин мебошанд. Талафоти умумии барқ даршаҳри Хоруғ дар соли 2019  8,94 %-роташкил медиҳад.

       Мушкилии асосӣ ин қарздории муштариён буда, дар ин самт кор рафта истодааст ва муштариён марҳила ба марҳила қарзхои худро супорида истодаанд.

        Шаҳри Хоруғ ба 2 шаҳрак-Ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ ва Ҷамоати шаҳраки Ш.Шоҳтемур тақсим карда шуда, аз тарафи мақомоти шаҳрӣ барои амалӣ намудани чорабиниҳои сиёсӣ ва ободонӣ давоми семоҳа дар маҷмўъ ба маблағи 183 ҳазору  400 сомонӣ (И.Сомонӣ - 82 216 ва Ш.Шоҳтемур -101 184)   ҷудо гардид.

          Дар давоми  се моҳи соли 2020 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва маҷаллаҳо 53 маротиба суҳбату вохўриҳои гурўҳҳои корӣ оиди Паёми Президенти Ҷумурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин оиди хизмати ҷавонон дар сафи  Артиши Миллии Ҷумҳурии Точикистон,  таҷлили ҷашнҳои умумимиллӣ Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣи инчунин оиди моҳияти Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирӣ намудани харгуна қонуншиканиҳо аз тарафи ноболиғон гузаронида шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 6 адад  маъракахои  хурсандӣ,  яъне  тўйҳои  домодию арўсӣ  гузаронида  шуд, ки  маблағи  маъракаҳо ба  ҳисоби  миёна  30 хазор сомониро ташкил  медиҳад.

           Дар ин давра 6 маротиба рейдҳои муштараки санҷишии баргузории тўйҳои арусиву домодӣ доир гардиданд, ки дар рафти онҳо талабот ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба соҳибони тӯй фаҳмонда дода шуд.

         Дар семоҳаи соли 2020 қонунвайронкунӣ дар баргузории маъракаҳо ба қайд гирифта нашудааст.

     Масъалаи хостагирӣ, ҷобаҷогузорию тарбияи кадрҳо ва такмили усулҳои роҳбарӣ  мутобиқи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба роҳ монда шуда, 1 озмун барои ишғол намудани ҷойи холӣ  гузаронида шуда,  6 нафар  бо ҷойи кор таъмин шуданд.

        Интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар 30 ҳавзаи  интихоботии  Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри  Хоруғ  баргузор  гардида,   29  номзад  ба   вакилии  Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри  Хоруғ   таъин  гардиданд. 
Дар семоҳаи  аввали соли 20202 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр

бо муҳокимаи 5 масъалаи мубрами рўз ва дар машваратҳои васеи назди раиси шаҳр 9 масъала баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.

         Дар гармхонаҳои шаҳри Хоруғ, ки масохати 240 метри квадратиро ташкил медиҳанд,  кучати гул кишт карда шуд. Дар  маҳаллаи  Тирчид гармхонаи замонавӣ дар масоҳати  82 м2  сохта  шудааст. Дар гармхонаҳо гулҳои гуногун парвариш ёфта истодаанд.

           Аҳолии шаҳри Хоруғ барои обёрӣ кардани заминҳои наздиҳавлигӣ аз каналҳои ба номи “Темур”, «Додихудоев» ва  «Шош  Хоруғи Поён» - и шаҳри Хоруғ истифода мебарад. Аз аввали моҳи марти соли равон сар карда кормандони мақомоти шаҳрӣ ва вилоятӣ ҳар рўзи шанбе ҳашарҳо гузаронида истодаанд.Барои таъмири канлаи “Темур”дар масофаи 200 метр дар маҳаллаи Бархоруғ ва 80 метр дар маҳаллаи Хичордев масолеҳи сохтмонӣ таъмин карда шуда, кор дар каналҳои шаҳри Хоруғ давом дорад.

          Маркази таъминот ва бехатарии озуқадар 3 мохисоли 2020-ум 2105  кг гўшти гов, 7000  кг гўшти парранда, 91 кг гўшти моли майда, 89240 дона тухми мурғ, 510 кг асал, 3935 литр маҳсулоти шириро аз ташхис гузаронда, аз муомилот 671 кг гушти чорво,гушти паранда 193 кг, 333 дона тухм, 45  литр шир ва маҳсулоти ширӣ бароварда шуданд.

              Вазъияти эпизотикии шаҳр муътадил буда, касалиҳои оммавии сирояткунандаи ҳайвонот ва парранда бақайдгирифта нашудааст.

Муайян набудани макони забҳи чорвои касал, қитъаи замин барои гўрондани онҳо, нокифоягии маблағ барои харид намудани ваксинаҳо мушкилоти соҳа мебошад.       
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ҷиҳати иҷрои  қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 8 июни соли 2018, №173 «Оид ба иҷрои Амри Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018,№АП-1059 «Оиди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри арзанда истиқбол намудани  ҷашни    30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 11 июни соли 2018, №399 бо таъсиси ҳайати кумитаи тадорукот, гурӯҳҳои корӣ ва нақша чорабиниҳои иборат аз 70 бандро таҳия ва ба тасвиб расонда дастраси масъулин гардонд.

         Бо мащсади тарциби ыамаҷонибаи ҷашни 30-солагии Истищлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо сокинони  маҳаллаҳои ҷамоатҳои  шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур 56 маротиба вохӯриҳои гурӯҳҳои кори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ доир гардиданд, ки дар рафти баргузории оныо  масъулин оиди моыияти  Истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва дурнамои  ыадафу  нащшаыо  баыри сазовор  истиқбол намудани  ин ҷашни умумимиллӣ маърӯзаҳо  баён гардиданд.

            Дар шаҳри Хоруғ тибқи нақшаи дурнамо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони Театри миллӣ, сохтмони бинои истиқоматии 12 ошёна барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, бинои мактаби замонавии се ошҷёнаи таҳсилоти умумии №8 барои 640 хонанда,сохтмони бонки амонатгузории “Амонатбонк”-и шаҳри Хоруғ, бунёди майдончаҳои варзишиву дигар сохтмонҳо ва корҳои ободониву кабудизоркунӣ бо маром идома доранд.

       Иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараён қарор дошта, аз 82 иншоотҳои сохташаванда иборат мебошад.

        Арзиши харҷномавии иншоотҳои ба нақшагирифташуда зиёда аз 82 миллиону 578 ҳазорсомониро ташкил медиҳад.

        Дар шаҳри Хоруғ аз 81 кўчаю тангкўчаҳо номгузори ва рақамгузорӣ карда шуда, барои 2 кўчаи боқимонда лавҳаҳо омода шуда истодаанд.

       Мавҷуд набудани тарҳи муфассали нақшаи генералии шаҳри Хоруғ ҷо ба ҷокунии иншоотҳоро дар ҳудуди шаҳр мушкил гардонда, ин омил мушкилоти асосии соҳаро ташкил медиҳад.

      Дар шаҳри Хоруғ 57 км роҳҳои автомобилгард, ки аз оныо 34 км дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ ва 22 км роҳҳои дохилии шаҳр буда, таъмир ва нигаҳдории онҳо ба уҳдаи  Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммунали»-и шаҳри Хоруғ вогузор карда шудааст.

        Мувофищи қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 18 марти соли 2019, №242 «Дар бораи нархномаи номиналии мусофирбарӣ бо нақлиёти автомоболӣ дар хатсайрҳои шаҳри Хоруғ» нархномаи номиналии мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар мувофиқа бо шуъбаи хадамоти зиддиинҳисорӣ муқаррар карда шуд.

          Дар шаҳри Хоруғ 250 мошини тамғаи Чан-Хау(тангем)ва 5 микроавтобуси “Мерседесс” ба мусофиркашони машғул ҳастанд.Хаҷми мусофиркашонӣ дар се моҳи соли равон ба маблағи 332 ҳазору 70 сомонӣ рост меояд.

       Бояд қайд намуд, ки масофаи 22 км роҳҳои мошинагарди шаҳри Хоруғ дар мувозинаи муассисаҳои нигаҳдории давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон щарор дошта, таъмири ҷорӣ ва сари вақт тоза кардани онҳо дар мавсими зимистон аз тарафи муассисаҳои зикршуда ба иҷро расонида намешавад, ки ин амал бехатарии ҳаракат дар роҳро халалдор месозад.

          Шумораи умумии шаҳрвандони бекори ба кайд гирифташуда,  ки  теъдоди   223  нафарро ташкил медиҳад,  бо маълумоти олӣ 13 нафар, аз онҳо  7   нафар занон, маълумоти махсус  16  нафар аз онҳо 8  нафар занон ва маълумоти миёна   65  нафар, аз онҳо 34  нафар занон мебошанд.  Дар  се  моҳи    соли  2020  аз  223   нафар шаҳрвандони бекор, ки дар шуъба ҳамчун корҷў ба қайд гирифта шудаанд, 7  нафарбо сабабҳои  ҳархела аз кор озод шуданд, ки аз онҳо 4 нафарашон  зан  мебошанд.

            Тибқи Барномаи  мусоидат  ба шуғли аҳолӣ  75  нафар  шаҳрвандони  бекор ба касбомўзӣ фаро гирифта шуданд(15  нафар дузанда  ,   15 нафар  каннод, 15  нафар маҳсгар, 15  нафар  кафшергари барқӣ ва 15  нафар кафшергар).   Аз шумораи  умумии шаҳрвандони бекор, ки ба касбомўзӣ  фаро гирифташуданд, 43  нафар занон, 32- нафар ҷавонписарон ва 18  нафарашон ҷавондухтарон мебошанд. 

            Дар 6 муассисаи тахсилоти томактабӣ 1005 нафар кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки дар маҷмўъ 45 гурўҳро ташкил медиҳанд. Ба таълиму тарбияи кўдакон 61 нафар мураббӣ бо маълумоти олӣ- 51 нафар, бо маълумоти махсуси педагогӣ -13 нафар машғуланд. Дар баробари муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Хоруғ 21 маркази инкишофи кўдакон бо фарогирии 845 кўдак фаъолият менамоянд, ки 11 адади онҳо дар назди муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ қарор доранд ва ба ин шумораи кўдакон 66 нафар мураббиён таълим дода истодаанд.

         Дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба ғайр аз муассисаҳои типпи нав- Мактаби Президентӣ ва Литсейи Оғохон дар дигар муассисаҳо ҳам кабинетҳои фаннӣ ҷиҳозонида шуда истодаанд. Дар муассиҳои типпи нав барои ҳамаи фанҳои дақиқ кабинетҳои фаннӣ бо асбобҳои лабораторӣ, маводҳои таълимӣ ва синфхонаҳои лингафонӣ фаъолият доранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим дорад, ки дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2020-2040 солҳои рушд ва омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ кабинетҳои фанниро барои ҳамаи фанҳои дақик таъсис диҳад.

           Ҳамасола омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, бо ин омил маҳорату малакаи омӯзгорон боло бардошта мешавад. Дар се моҳи соли 2020 36 омӯзгор, 5 мураббӣ ва 2 мушовири кабинети методии шуъбаи маориф аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Ғайр аз ин, шуруъ аз моҳи январи соли 2020 аз тарафи маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ҷиҳати омӯзиши барномаи Visual Basic курси омӯзишӣ ташкил карда шудааст, ки омӯзгорони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар рӯзҳои методӣ ба он ҷалб карда мешаванд.

           Моҳи марти соли ҷорӣ конференсияи илмӣ тадқиқотии Академияи хурди илмии хонандагони шаҳр гузаронида шуда, ҷамъбаст гардид. Дар конференсияи мазкур 24 нафар хонандагон иштирок намуда, бо мавзўъҳои илмии пурмазмуну мухталиф баромад намуда, 20 нафар роҳхат ба конференсияи вилоятӣ гирифтанд, ки аз ин шумора  2 нафар узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар сазовори дипломи дараҷаи 1, 4 нафар бо дипломи дараҷаи 2 ва 1 нафар бо дипломи дараҷаи 3, инчунин 2 нафар ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд.

         Дар баробари муваффақиятҳо маорифи шаҳри Хоруғ аз мушкилоту камбудиҳо низ холӣ нест.

  - бинои таълимии муассисаҳои таълимии №6 ба азнавсозӣ ниёз дошта, муассисаи таълимии №9 таъмирталаб мебошад. Ҳамзамон, муассисаҳои таълимии №1 ва №10 дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, дар баробари муассисаҳои номбурда муассисаҳои №3, №4, ва №11 толори варзишӣ надоранд, ки ин омил барои гузаронидани фанни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ монеа эҷод намуда истодааст.        

   -гарчанде барои ташкил ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ барномаи давлатии алоҳида қабул гардида бошад ҳам, ба ғайр аз муассисаҳои таълимии типпи нав дар дигар муассисаҳои таълимӣ чунин кабинетҳо ташкил нагардидаанд, ки бо ин баргузории дарсҳои лабораторӣ ғайриимкон аст.

       Шаҳри Хоруғ дорои як маркази саломатӣ буда, аз шуъбаҳои маркази иммунизатсия, маркази ҳамбастагии бемориҳои кўдакона, шуъбаҳои ташхисӣ, шуъбаи машварати тиббӣ, шуъбаи педагогӣ-психологӣ, утоқи сабти кори дил, шуъбаи физиотерапевтӣ, утоқи муоинаи занона ва дорои озмоишгоҳи клиникӣ мебошад. Инчунин, дар се бунгоҳи тиббӣ -бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи марказӣ, маҳаллаи Хоруғи Боло, бунгоҳи маҳаллаи Чухт-Хоруғ ва бунгоҳи маҳаллаи Тем, ки зертобеи маркази саломатии шаҳрӣ мебошанд, ба аҳолӣ хизматрасонии тиббиро ба роҳ мондаанд.

        Баҳри иҷро ва татбиқи “Барномаи миллӣ оид ба эпидемияи вируси норасогии масунияти одам дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2017-2020” дар се моҳи соли 2020, чорабиниҳои гуногун оиди мубориза алайҳи ин беморӣ гузаронида шуданд, ки дар натиҷаи гузаронидани онҳо ба аҳолӣ зиёда аз 700  адад брошюраҳо, ки дар онҳо роҳҳои пешгирии оқибатҳои ин беморӣ инъикос гардидаанд, тақсим шуданд.

         Дар семоҳаи соли 2020 2 нафар (1-мард, 1 зан) ба қайди диспансерӣ гирифта шуда, ба табобат фаро гирифта шуданд. Аз ҷониби мутахассисони маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВНМО ҳармоҳа ба маризон ёрии профилактикӣ расонида мешавад.

        Айни ҳол, дар маркази саломатии шаҳрӣ Ситоди доимоамалкунанда оиди пешгирии бемории “Коронавирус” ташкил гардидааст, ки ба он коршиносони соҳаи тандурустӣ шомил гардида, ҳамарўза оиди фаҳмондадиҳии қоидаҳои оддитарини санитарӣ бо аҳолӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда, ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр оиди корҳои анҷомдода, маълумот пешниҳод менамояд.

          Мувофиқи дастурамали шуъбаи тибби оилавии маркази саломатии шаҳрӣ барои ташхиси беморон шуъбаи ташхисӣ зарур ва муҳим аст, зеро ин омил имкон фароҳам меорад, ки диспансеркунонии саривақтии беморон ба роҳ монда шавад. Лекин, аз сабаби набудани таҷҳизотҳои муосир барои биохимия, ултрасадо, гостроскопия, ташхиси рентгенологии ин намуди ташхисҳо гузаронида намешавад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод карда мешавад, ки дар доираи имкониятҳои молиявии худӣ ё аз ҳисоби сармояи хориҷӣ мусоидат карда шавад.

         Аайни ҳол маркази саломатии шаҳрӣ дорои як нақлиёти тамғаи “Тангем” мебошад, ки дар ҳолати ғайрикорӣ қарор дорад. Бо мақсади расонидани кўмаки тиббӣ ба аҳолии маҳаллаҳои дурдасти шаҳр  агар маркази саломатӣ бо як адад нақлиёт таъмин гардад, ин боиси беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ хоҳад шуд. 

            Шумораи умумии ҳамаи гурўҳҳои маъюбону ятимон 2376(ду ҳазору сесаду ҳафтоду шаш)  нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 14нафар заҳматкашони ақибгоҳ, 13 нафар маъюбони ҳодисаи Чернобил, 126 нафар маъюбони то синни 18 сола, 128 нафар маъюбони гурўҳи 1, 455 нафар маъюбони гурўҳи 2, 274 нафар маъюбони гурўҳи3, 22 нафар ятимони кулли то синни 18 сола, 374 нафар ятимони яктарафа ва 795 оилаҳои камбизоат мебошанд.

         Баҳри амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 12 январи соли 2008, №АП-467 “Дар бораи дастгирии моддии нафақахўрони яккаву танҳо, маъюбон ва кўдакони бесаробон” ин намуди қишри осебпазири ҷомеа бо қарори раиси шаҳри Хоруғ ба идораву муассисаҳо вобаст гардида, дар арафаи таҷлили идҳои умумимиллию суннатӣ аз кўмакҳои моддию молиявӣ бархўрдор мегарданд.

          Дар арафаи ҷашни Наврӯз-2020 аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хатнатўйи 30 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардида, ба ду ҷуфт навхонадорон кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

          Дар арафаи  таҷлили Соли нави  2020 аз ҳисоби мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба 30 оилаи ниёзманд ва оилаҳое, ки дар онҳо маъюбони гурўҳи 1 ва 2 зиндагӣ мекунанд ба маблағи зиёда аз 15 000 сомонӣ кўмаки яквақта аз қабили маводи озуқа  расонида шуд.  

           Баҳри амалӣ намуданиБарномаи миллии тавонбахшии маъюбон аз ҷониби муассисаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе дар се моҳи соли 2020 ба 36 нафар маъюб, асо 5дона, аробачаи маъюбӣ 6 дона ва пойафзоли ортопедии содда 25 дона кӯмак расонида шуд.

         Дар шаҳри Хоруғ мусофиркашонӣ тавассути воситаҳои мусофиркашонии тамғаи “Танген” ва микроавтобуси тамғаи“Мерседес” роҳандозӣ гардида, воситаи нақлиётии автобус вуҷуд надорад, ки бо ин омил савор гардидани маъюбон ба нақлиёт ғайриимкон аст. Вобаста ба ин, таъмини маъюбон дар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ, ки боиси болидахотирии онҳо мегардад, номумкин гардида, дар баъзе мавридҳо худи онҳо ва волидони онҳо маҷбур мегарданд, ки аз воситаи нақлиётии “Таксӣ” истифода намоянд. Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилот пешниҳод карда мешавад, ки дар назди маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Хоруғ як адад воситаи нақлиётии мусофиркашонӣ ташкил карда шавад, зеро бо ин иқдом сифати хизматрасонӣ ба маъюбону барҷомондагон боз ҳам беҳтар гардида, мушкилоти асосии онҳо бартараф хоҳад шуд.

Дар шаҳр 1 осорхона, 4 китобхона, 1 маркази фарҳангӣ, 1 хонаи методӣ, 1 клуби сайёр, 1 мактаби санъати ба номи Ноёбшоев Қурбоншо, Боғи фарҳангӣ ва истироҳатӣ, Боғи ботаникӣ, Боғи Ғалаба, ансамбли тарона ва рақси “Гулдаста” ва “Наврас” фаъолият мекунанд.

           Набудани мошин дар бахши фарҳанг яке аз мушкилоте мебошад, ки дар вақти баргузор гардидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ  монеа дар интиқол додани таҷҳизоти мусиқӣ ва дигар таҷхизотҳои зарурӣ эҷод мекунад.

        Дар маркази фарҳангӣ-фароғатии бахши фарҳанг анбор барои нигоҳдошти либосҳои саҳнавии ҳунармандон вуҷуд надорад, ки ин боиси нам гирифтан, фарсуда шудан ва ғайриистифода гардидани либосҳо мегардад.

       Бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои таърихии ҳудуди шаҳр барои муҳофизат, муайян намудани ҳолати таъмир ва чамъ намудани маълумот дар бораи таъриху пайдоиши онҳо бахши фарҳанг ба як воҳиди  корӣ-мутахассис оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ниёз дорад.

        Барои аз оби нӯшокӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон аз  71,2 км   хатҳои обгузар ва чор  манбаи обтаъминкунӣ истифода бурда мешавад.        
Дар шаҳр 4 обанбор мавҷуд буда, ҳар яки онҳо нигоҳдории ҳаҷми 2000м3 обро доро мебошанд, ки дар маҷмӯъ 8000 м3 –ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли оби нӯшокӣ аз ҳисобиҳамаи сарчашмаҳо ва манбаъҳои обтаъминкунии шаҳр 12537 м3 дар як шабонарўз ташкил медиҳад.

          Бо вуҷуди он ки истеҳсоли об нисбати талабот ба он зиёд аст, маҳаллаҳои В.Гулмамад, Ниводак ва Теми шаҳр ҳанўз ҳам аз оби нўшокӣ танқисӣ мекашанд. Дар асоси нақшаҳо ва амалӣ  намудани марҳилаи дуюми Барномаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР ) барои таъмини маҳаллаҳои мазкур аз оби ошомиданӣ чораҷўйӣ шуда истодааст.        
Мувофиқи маълумоти бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аҳолии шаҳри Хоруғ 30 300 нафарро ташкид медиҳад. Аз ин теъдод 19588 нафар муштариёни корхонаи таъминоти об ва канализатсия буда, 10 712 нафари дигар аз дигар манбаъҳо истифода мебаранд.

        Даромади корхонаи таъминоти об ва канализатсия дар се моҳи соли 2020 маблағи 343,6 хазор сомонӣ ташкил дод.

       Қарздории кредитории Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи ш.Хоруцмаблағи 2 622 480 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар назди Шабакаи барқииПомир-Энерҷи 2 164 736 сомонӣ, дар назди раёсати андози шаҳри Хоруғ 429 275 сомонӣ ва тибқи Шартномаи 8%-и тарафайн дар назди  Корхонаи Воҳидии  Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 469 қарздор мебошад.

          Вобаста ба масъала оид ба иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 28.02.2020, №55 «Дар бораи эълон намудани маъракаи ободонӣ ва  кабудизоркунии маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон» лоиҳаи қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 11.03.2020, №131 тасдиқ карда шуд.

        Мувофиқи қарор дар ҳудуди шаҳри Хоруғ умуман  1500 бех дарахт шинонда мешавад, ки аз он 700 бех дарахтони ороишӣ, 600 бех дарахтони сояафкан ва 200 бех дарахтони мевадиҳанда мебошанд.

        Мувофиқи маълумотҳо то ба ҳамин руз дар ҳудуди шаҳр 600 бех дарахтони ороишӣ, 200 бех дарахтони мевадиҳанда ва 700 бех гули садбарг шинонда шуданд.

         Соҳилмустакамкунии тарафи чапи дарёи ғунди шаҳри Хоруғ, дармаҳаллаи Шарифобод ба маблағи 579 млн 96 ҳазор сомонӣ аз тарафи Агентии Оғохон оид ба макони зист тарҳрези шуда, кор дар ин самт оғоз када шуд.

         Дар шаҳри Хоруғ 50 адад иншоотҳои варзишӣ аз ҷумла, 13 толори варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ ва 1 варзишгоҳ барои шаш ҳазор ҷойи нишаст арзи вуҷуд доранд. Ҳамзамон, бо маблағгузории ташкилотҳои ватанӣ вашарикони рушд дар ояндаи наздик сохтмони шаш адад майдончаи варзишӣ дар шаҳр дар назар дошта шуда, ҷой барои сохтмони онҳо дар маҳаллаҳои шаҳр муайян гардид.

      Баҳри боло бардоштани ҳисси ватанпарастии ҷавонон ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ-даъвати  ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо даъватшавандагон, волидайни онҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолону шахсони обрўманди шаҳр анҷом дода шуда, даъватӣ баҳорӣ 100%  иҷро гардид. Яъне дар даъвати баҳории соли 2020 31 нафар ҷавонписарони обутобёфта ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.

          Дар семоҳаи аввали соли 2020 мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ 17 медалро ба даст овард, ки аз ин шумора 5 медали тилло, 7 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ мебошад.

         Дар сметаи хароҷотии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, ба ғайр аз самти варзиш барои баргузории дигар чорабиниҳои маърифатию солимгардонӣ, ки боиси боло рафтани ватандўстию хештаншиносии ҷавонон мегардад, маблағ ҷудо намегардад, ки ин омил боиси танқисӣ дар баргузор намудани чорабиниҳо мегардад.

             Барои равнақ додани соҳаи сайёҳӣ ҳамчун соҳаи сердаромад, инчунин татбиқи босамари Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Точикистон қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 20 сентябри соли 2018, №643 бо нақша чорабиниҳои иборат аз 28 банд қабул гардида, дар марҳалаи амалишавӣ қарор дорад.

       Барои равнақ додани соҳаи сайёҳӣ, ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ бо

ширкатҳои сайёҳӣ ва ба таври дақиқ муайян намудани шумораи умумии ҳарсолаи сайёҳони воридшуда ба шаҳр, таъсис додани як воҳиди корӣ-мутахассис оид ба рушди сайёҳӣ дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо маоши баробар ба мутахассиси шуъбаи дастгоҳи раиси шаҳр ба мақсад мувофиқ мебошад.

    Дар давоми 3 моҳи соли 2020 26 ҳуқуқвайронкунӣ дар Шуъбаи Вазорати Корҳои Дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми 3 моҳи соли 2019 бошад 47 ҷиноят ба қайд гирифта шуд.Дар се моҳи соли равон нисбати се моҳи соли 2019 21 ҷиноят,яъне 44 фоиз камтар ҷиноят содир карда шудааст.

    Фоизи кушодашавии ҷиноят дар ҳамаи самтҳои хизмат дар давоми се моҳи соли 2020 ба 84.2 фоиз (соли 2019 84)  яъне 3,2 фоиз кушодашавии ҷиноят зиёдтар мебошад.

   Дар давраи ҳисоботи аз тарафи ноболиғон ягон ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст.

    Аз тарафи ҷавонон бошад 7 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Оиди

   Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи ҷавонон 6 нафар бо моддаи 469  (беқайди зист) ба ҷавобгарӣ кашида шуданд(соли 2019 11-нафар),маблағи ҷаримаи умумии онҳо 348 сомониро ташкил медиҳад.

     Аз тарфи ҷавонон шомилшавӣ ба сафи ҳизбҳо, ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро ба мушоҳида нарасид.

      Ҷиҳати пешгирии ҷиноятсодиркунӣ 25 маротиба  вохўриҳо ва сўҳбатҳо дар муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ гузаронида шуданд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ минбаъд ҳам барои амалӣ  намудани бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  раиси вилоят, инчунин баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва мушкилоти мавҷуда, ҷиҳати беҳдошти некўаҳволии мардум, ягонагии кишвар тамоми азму ирода ва фаъолияти хешро равона намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода менамояд.

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор